Чархболи Ми-8-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» субҳи имрӯз бо беш аз 20 нафар мусофирон аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ роҳ пеш гирифт.

Котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки муддати ду моҳ мусофирон бо дархости иҷрои ин парвоз ба онҳо муроҷиат намуда, миёни онҳо хешовандони бемори вазнини интиқолаш ба дигар восита ғайриимкон низ ҳузур доштанд.

«Онҳо дархост намуданд, ки ҳадди ақал як парвоз ба ин самт сурат гирад ва мо хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта, ин парвозро анҷом додем», - иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон сафар ба шаҳри Хоруғ танҳо бо нақлиёти автомобилӣ имконпазир буда, роҳ ба ин самт дар қаламрави ВМКБ ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 80-уми асри гузашта асфалтпӯш шудааст.

Ба гуфтаи Азиз Хайруллоев, то ҳаллу фасли масъалаи дастрас кардани қисмҳои эҳтиётии зарурӣ барои 2 ҳавопаймои Ан-28, ки парвозҳо ба ин самт тариқи онҳо сурат мегирифтанд, ин хатсайр мунтазам амал нахоҳад кард, зеро ин ҳавопаймоҳо то ҳол корношояманд. Дигар навъи ҳавопаймоҳои ширкат бинобар сабаби релйефи баландкӯҳ, ба ин самт парвоз карда наметавонанд.

«Имрӯз чархболи Ми-8 бо зиёда аз 20 нафар мусофирон ба Хоруғ парвоз кард, лекин бо якчанд сабаб роҳандозии парвозҳои мунтазам бо истифодаи чархбол ғайриимкон аст, - қайд кард номбурда. - Яке аз ин сабабҳо зиёд ба обуҳаво вобаста будани парвози чархбол мебошад ва танҳо дар шароити обуҳавои мусоид парвоз ба Хоруғ имконпазир мегардад».

Директори генералии «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов қаблан дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе - Хоруғ изҳор намуда буд, ки агар фармоиш бошад, ширкат имкон дорад, ки парвоз ба ин самтро таъмин кунад.

«Мо варианти эҳтиётӣ дорем, ки он чархболи Ми-8 буда, ин чархбол ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст», - гуфта буд ӯ.

Номбурда зикр карда буд, ки бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъинот расонид, ки шуморашон аз ҳавопаймои АН-28  зиёдтар мебошад.

Ширкати миллии ҳавопаймоии ҷумҳурӣ парвозҳо ба шаҳри Хоруғро аз аввали моҳи октябри соли гузашта қатъ карда буд.