Ӯзбекистон ҷиҳати транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистон тахфиф ҷорӣ намуда, вале бо ин роҳ қатораҳои боркашӣ Тоҷикистон қариб умуман равуо намекунанд.

Қаблан дар ҷаласаи маҳфили байнулмилалии матбуот муовини раиси Раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» Даврон Деҳқонов изҳор дошт, ки Ӯзбекистон 40% тахфифи транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистонро пешниҳод кард.

Дар ҳамин ҳол, роҳиоҳанчиёни тоҷик изҳороти ҷониби Ӯзбекистонро нисбати пешниҳоди тахфифҳо начандон саҳеҳ мешуморанд.

«Дарвоқеъ ҳам аз моҳи феврали соли равон дар қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон - Қудуқли 40% тахфиф ба боркашонии транзитӣ амал мекунад, лекин қатораҳои мо бо ин роҳ қариб умуман ҳаракат намекунанд», - хбар доданд ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти ҳамлу нақли Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон.

Дар корхона зикр карданд, ки масофаи қитъаи роҳи оҳани зикршуда 1 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки қариб панҷ баробар дарозтар аз дигар қитъаҳои транзитии роҳи оҳани кишвари ҳамсоя аст», - гуфт манбаъ ва шарҳ дод, ки маҳз бинобар сабаби дароз будани ин хатсайр, қатораҳои боркаши Тоҷикистон имрӯз асосан бо қитъаҳои роҳи оҳани Келес - Қудуқли ва Хоҷадавлат - Қудуқли равуо доранд.

Дар қитъаи Келес - Қудуқли барои кашонидани нафт ва маҳсулоти нафтӣ тахфифи 15 фоиза, дар хатсайри Хоҷадавлат - Қудуқли барои ҳама борҳо, ба ҷуз бор дар зарфҳо (систерна) ва танк-контейнерҳо тахфифи 30 фоиза ҷорӣ шуда, барои ҳамлу нақли бор дар зарфҳо (систерна) ва танк-контейнерҳо тахфифи 15 фоиза ҷорӣ шудааст.