«Бонки Рушди Осиё» ғолибони мукофоти сеюми солонаро оиди маблағгузории тиҷорат (TFP) дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Сингапур доир гардид, қадрдонӣ намуд. Дар рӯйхати ғолибон «Бонки Эсхата» низ номнавис шудааст.

«Бонки Эсхата» мукофотро дар номинатсияи «Бонк - шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи Маблағгузории тиҷоратӣ» сарфароз гаштааст.

Дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар меҳмонону шарикон аз муассисаҳои молиявии тамоми дунё ширкат варзида, 18 бонкҳои пешсаф аз 17 давлатҳои гуногун бо мукофоти TFP кадрдонӣ карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки «Бонки Эсхата» соли дуюм аст, ки дар номинатсия «Бонк - шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратӣ» (TFP) ғолиб мебарояд, ки барои бонк ин дастоварди мақоми байналмиллалидошта хеле муҳим аст.

Арзи сипоси худро ба «Бонки Рушди Осиё» барои баҳогузории беғаразонаи фаъолияти «Бонки Эсхата» мерасонем. Оянда низ кӯшиш мекунем, ки мақоми пешсафиро дар ин самт нигоҳ дорем.

«Бе бонкҳо-шарикони мо, «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратии» «Бонки Рушди Осиё» зиёда аз 3 млрд. доллари ИМА-ро давоми як сол татбиқ карда наметавонист, хусусан дар шароити норасоии бозори маблағгузории тиҷоратӣ» - мегуяд Стивен Бек, роҳбари шӯъбаи маблағгузории тиҷоратӣ дар Бонки Рушди Осиё. - Мукофотҳои мазкур – имконияти хуб барои баён кардани арзи сипосмандӣ ба шарикони мо мебошад, зеро фаъолияти онҳо дар самти пешниҳод кардани хизматрасониҳои молиявӣ ба ширкатҳои бо тиҷорат машғулбуда баҳри рушд ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад».

Чорабинии қадрдонии шарикони TFP дар рӯзи аввали Конфронси солонаи «Global Trade Review дар Сингапур - GTR Asia Trade and Treasury Week 2017» баргузор гардид, ки яке аз Конфронсҳои калони ташрифшавандаи мабалғгузории тиҷортӣ дар Осиё маҳсуб меёбад.

Айни ҳол «Бонки Рушди Осиё» дар доираи «Барномаи Маблағгузории Тиҷоратӣ»  бо зиёда аз 200 бонкҳо-шарикон ҳамкорӣ карда истодааст, ки тариқи он ширкатҳои тиҷоратӣ барои амалӣ кардани содирот ва воридоти мол дастгирии молиявӣ мебинанд.