Дар доираи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди СММ дар Ню-Йорк Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони мусоид бо доираи соҳибкории ИМА мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро васоити хуби тавсеабахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ арзёбӣ намуд.

Бо ёдоварӣ аз заминаҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва ИМА, ки зиёда аз 30 санадро дар бар мегирад, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таваҷҷуҳи доираи соҳибкорону тоҷиронро барои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва энергетикӣ, алоқа, сохтмон, технологияҳои нав ва сайёҳӣ  ҷалб кард.

Таъкид шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида, дар ин замина, қонунгузории мамлакатро дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор намудааст, ки кафолатҳои ҳимояи сармоягузоронро низ таъмин менамояд.

Дар ҳамин замина болоравии мавқеи байналмилалии Тоҷикистон  аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати ҷаҳонӣ таъкид карда шуда, ба таври мисол  дар рейтинги “Пешбурди Бизнес”-и Бонки ҷаҳонӣ се маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардидани Тоҷикистон, беҳтар шудани мавқеи давлат дар байни 136 кишвар, ба қатори кишварҳои соҳаи сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарордошта ва даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон ворид шудани Тоҷикистон қайд гардид.

Дар мулоқот барои рушди робитаҳои манфиатбори дуҷониба аз доираи соҳибкорону тоҷирони ИМА даъват шуд, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди кишвари рӯ ба тараққии мо қадамҳои устувор гузошта, дар раванди рушду тавсеаи боз ҳам бештару беҳтари ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону ИМА саҳмгузор бошанд.

Тавре хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар шаҳри Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и ИМА дар ИДМ Роналд Поллетт дидору гуфтушунид кард.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки истифодаи таҷриба ва имконияти муосири Ширкати “Ҷенерал Электрик” метавонад дар пешрафти соҳаҳои номбаршуда нақши калон гузорад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мавҷудияти Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар як давраи кутоҳ барои баланд бардоштани дарки моҳияти об барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор такони ҷиддӣ бахшида, нақшаи амали он минбаъд дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.