IFC (Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ), ки аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявӣ натиҷаҳои умумии се соли аввали татбиқи Барнома оиди баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистонро ҷамъбаст менамоянд.

Татбиқи Барнома оиди баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистон аз тарафи IFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014, таҳти дастгирии Ҳукумати Швейтсария дар намояндагии Котиботи давлатии ҳамкории иқтисодии Швейтсария оғоз гардидаст.

«Яке аз самтҳои муҳимтарини дастгирии Ҳукумати Швейтсария – ин дастгирии ҷорӣ кардани принсипҳои маблағгузории бомасъулият ва таъмини устувории бозори молиявӣ мебошад. Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар доираи дастрас шудани ин ҳадаф нақши асосиро мебозад. Мо бояд сатҳи саводнокии молиявии аҳолиро баланд бардорем, зеро истеъмолкунандаи маълумотнок молияи хонаводаро, махсусан дар ҳолати бӯҳронӣ, беҳтар идора намуда, нисбати харидории маҳсулоти молиявӣ қарори муносибтаринро қабул менамояд. Саводнокии молиявӣ ба паст намудани сатҳи хавфи талафот мусоидат намуда, манфиати иқтисодии захираи мавҷударо ҳам барои оилаи худ, ва ҳам барои низоми бонкӣ, зиёд менамояд» - қайд намуд ҷонишини роҳбари Дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон, хонум Корин Деманж.

Айни хол, шарикони Барнома 15 ташкилоти қарзиро дар бар мегиранд, ки онхо дар саросари Ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд. Ба шарикони Барнома басти олотҳо пешниҳод шуда буд, ки модулҳои таълимӣ, наворҳои видео, асбобҳои гузаронидани муҳосибаи даромаду хароҷоти оила, маводҳои визуалӣ дар намуди комикс ва маҷмӯи наворҳои видео ва аудиои ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ равона шударо дар бар мегирад. Ғайр аз он, зиёда аз 1800 кормандони ин ташкилотҳои молиявӣ дар курсҳои таълимӣ, ки ба гузаронидани машварат бо аҳолӣ бахшида шудаанд, иштирок намудаанд.

Аз байни натиҷаҳои муҳимтарини Барномаи мазкур натиҷаҳои зерин қобили қайд мебошанд: зиёда аз 15 ҳазор шаҳрвандон омӯзонида шудаанд, ки 6,7 ҳазори онҳоро занон ташкил медиҳанд. Тибқи ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017, ба зиёда аз 300 ҳазор нафар аз саросари ҷумҳурӣ дастгирии машваратӣ расонида шудааст. Ин натиҷаҳо далели иштироки фаъоли бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон дар раванди баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ буда, ҳавасмандии шаҳрвандонро барои дастрас кардани дониш ва малакаҳои нав тасдиқ менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон яке аз шарикони асосии Барномаи мазкур буда, дар доираи паҳн намудани маводҳои саводнокии молиявӣ байни аҳолӣ фаъолона иштирок менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолиятро нисбати саводнокии молияви пешниход намуда, аҳамияти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолиро барои соҳаи молиявӣ дар маҷмӯъ, инчунин дохил кардани барномаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ба Дурнамои (Стратегияи) рушди Тоҷикистон барои мӯҳлати то соли 2030 таъкид кардааст. Қобили қайд аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барномаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии мамлакатро ҳаматарафа ва пурра дастгирӣ карда, ба баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва паҳншавии он байни истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбати низомҳои пардохтҳои ғайринақдӣ фаъолона амал намуда, ташаббусҳои ба баланд бардоштани сатҳи ҷалби аҳолӣ равонашуда, ки яке аз онҳо, хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ (ХМЭР) мебошад, дастгирӣ менамояд.

«Бо иштироки ташкилотҳои қарзии амалкунанда, мо маводҳоро бо назардошти ҷанбаҳои фарҳанги маҳаллӣ таҳия намудем, ки самтҳои муҳимтарини истифодаи саводнок ва болаёқати маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявиро аз тарафи аҳолӣ фаро мегиранд» - кайд намуд хонум Заррина Одинаева, роҳбари Барномаи инфрасохтори молиявӣ ва рушди пардохтҳои ғайринақдии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ / IFC. Масалан, тадқиқоти такрории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, ки дар доираи натиҷаҳои татбиқи барнома гузаронида шуда буд, нишон дод, ки шумораи шаҳрвандон, ки соҳиби пасандоз шудаанд, дар сатҳи 6% баланд шудааст (40% дар соли 2017 дар қиёс бо 34% дар соли 2013), ва қариб 4% зиёдтари ҷавобдиҳандагон қайд карданд, ки буҷаи банақшагирифташударо риоя карда метавонанд. «Барномаи саводнокии молиявӣ ба дастрас шудани ин гуна натиҷаҳои мусбӣ саҳми назаррас гузоштааст. Инчунин, ин бинобар саҳми мунтазами ташкилотҳои дар Барнома иштироккунанда имконпазир шуд. Дар асоси кӯшишҳои муштарак, мо ҳадаф дорем, ки фаъолиятро ҷихати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ то соли 2020 идома диҳем», - илова намуд хонум Заррина Одинаева.