Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумоти таъсиси гурӯҳи кориро оид ба солимгардонии вазъи бонкҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар чанде аз ВАО интишор шуд,  рад кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ,  маълумоти баъзе васоити ахбори умум дар бораи аз ҷониби ҳукумат таъсис дода шудани гурӯҳи корӣ оид ба солимгардонии вазъи бонкҳо асоси воқеӣ надорад.

«Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати мақоми ваколатдор барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ вазифадор мебошад, - қайд мешавад дар маълумоти БМТ дар ин робита. - Аз ин рӯ, дар ҳолати ташкил шудани чунин гурӯҳҳои корӣ, ки дар матолиби нашршудаи ВАО сухан меравад, огоҳ хоҳад буд».

Бонки миллӣ аз ВАО дархост намудааст, ки дар нашри матолиби худ вобаста ба ин мавзӯъ ба таҳриф роҳ надода, оянда бо такя ба сарчашмаи муътамад мавод таҳия созанд, бахусус дар ҳолатҳое, ки сухан аз қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ меравад.

«Дар ҳолати такрор шудани чунин ҳолатҳои таҳрифкорӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма, зарурат ба миён меояд, ки Бонки миллӣ бо мақсади дарёфт кардани сарчашмаҳои ҳангомаҷӯйи “махфӣ” (аксар вақт расонаҳои болозикр ба онҳо такя мекунанд) ва пешниҳод шудани маълумоти носанҷида ва бардурӯғ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд», - огоҳ карда мешавад дар маълумот.

Дар ин маврид сари маълумоте сухан меравад, ки санаи 26 декабр дар сомонаи Радиои Озодӣ чоп шуда, сипас аз ҷониби баъзе ВАО, аз ҷумла хабаргузории «Азия-Плюс» низ мунташир гардид.

Дар маълумоти радио бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои бонкӣ қайд шуда буд, ки гурӯҳӣ корӣ ба масъалаи аз буҳрон раҳо кардани ду бонки дучори мушкилот - «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» машғул шуда, онро роҳбари кумитаи молия ва иқтисоди парлумон Шариф Раҳимзода роҳбарӣ мекунад. Лекин айни замон ин хабар аз сомонаи Радиои Озодӣ хориҷ шудааст.