Амонатгузорони «Тоҷпромбонк», ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад, аз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дархост доранд, ки ба баргардонидани маблағҳояшон аз ин бонк мусоидат намояд.

Дар номаи кушоди амонатгузорон, ки дар ихтиёри идора қарор дорад, қайд мешавад, ки баъди моҳи марти соли гузашта бозхонд шудани иҷозатномаи «Тоҷпромбонк», онҳо пулҳои амонати худро гирифта наметавонанд.

Амонатгузорон хотиррасон мекунанд, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2016 президент зимни пешниҳоди паём ба парлумон ваъда дода буд, ки воситаҳои амонатгузоронро дар фурсати кӯтоҳтарин бармегардонад.

«Аммо бо кадом сабабҳои номаълум дастури президент то ҳол аз ҷониби шахсони масъул иҷронашуда боқӣ мемонад», - таъкид мешавад дар нома.

Онҳо якчанд тарзи баргардонидани маблағҳояшонро ба бонк пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла яке аз воситаҳо фурӯши амволи шахсии собиқ раиси «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев унвон мешавад, ки ба қавли онҳо, маҳз бо айби Зиёев амонатҳо «бидуни гараве ба афроди бемасъулият» дода шудаанд.

Ҳамчунин пешниҳод мешавад, ки амонатҳои мизоҷони бонк аз ҳисоби воситаҳои давлат ҷуброн шуда, дар навбати худ, ҳукумат воситаҳои худро аз ҳисоби фурӯши амволи бонк баргардонида метавонад.

Амонатгузорони бонк шикоят мекунанд, ки амволи бонк барои он харидор намеёбад, ки нархаш хеле баланд аст. Дар ин робита мизоҷони бонк пешниҳод мекунанд, ки ба поинравии арзиши ин амвол то сатҳи нархи бозор мусоидат карда шавад.

Нусхаҳои номаи кушод ҳамчунин ба унвони раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон низ ирсол шудааст.

Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд. Ҷараёни барҳамдиҳӣ метавонад муддати ду сол идома ёбад. Дар сурати зарурат, қонунгузорӣ ба дароз шудани муҳлат боз ба як соли дигар бо қарори суд имкон медиҳад.

Мувофиқи маълумоти аз ҷониби ҳукумат интишоршуда, дар рӯйхати амволи «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз ҷумла бинои асосии дафтари корӣ, 21 бинои филиалҳо, ҳамчунин хонаҳои истиқоматии сершумор, коргоҳҳои истеҳсолии хурд, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра номнавис шудааст.