Ягона корхонаи истихроҷи нафт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба наздикӣ метавонад аз фаъолият бозмонад.

Мусоҳибаи хабарнигори «Азия-Плюс» бо Муҳаммадҷон Неъматов, сардори қитъаи истихроҷи нафти КВД «Тоҷикнефтегаз» дар ноҳияи Балҷувон:

- Корхонаи истихроҷи нафту газ дар ноҳияи Балҷувон кай ба фаъолият шурӯъ кард?

- Ин корхона соли 1972 ба фаъолият оғоз намуда, дар он аз 800 то 1200 нафар кор мекарданд ва 10-12 сол пеш корхона тариқи лӯлаи газ шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувонро бо гази табиӣ низ таъмин мекард. Ҳозир майдонҳои нафтдор хеле ифлос шуда, ба тозакунӣ эҳтиёҷ доранд. Дар натиҷа истихроҷи нафт кам шуд - агар пеш дар як шабонарӯз 650-700 тонна нафт истихроҷ мешуд, айни замон ҳамагӣ якуним тонна.

- Ин вазъ ба шумори ҷойҳои корӣ чӣ таъсире расонд?

- Се сол пеш шумори коргарон то 52 нафар кам шуда, феълан ҳамагӣ 33 нафар кор мекунанд. Сармоягузорон аз Ҳиндустону Покистон, Эрону Чин, ИМА, Британияи Кабир ва чанде аз кишварҳои арабӣ аз ин ҷо боздид намуда, ҳисобу китоб карданд, ки барои барқарор кардан ва ба кор даровардани як дастгоҳи пармакунӣ 170-200 млн. доллар маблағ зарур аст. Мо 8-то чунин дастгоҳ дорем. Гуфтанд, ки ин барои онҳо фоидаовар нест ва аз ҳамкорӣ даст кашиданд. Ҳамчунин чунин тасмими онҳо ба релйефи душвори кӯҳӣ, бероҳӣ, мавҷуд набудани зербино ва дигар омилҳо низ вобаста аст.

- КВД «Тоҷикнефтегаз» ва ҳукумат корхонаи шуморо чӣ гуна дастгирӣ мекунанд?

- Дар минтақаи мо чунин корхонаҳо хеле каманд. Корхонаи мо натанҳо ба тозакунии майдонҳо, балки ба азнавсозии таҷҳизот низ ниёз дорад, ки барои ин воситаҳои зиёд лозим аст. Пеш аз хароҷот таҳлил мебояд кард, ки оё маблағгузорӣ зарур аст ва кай ин хароҷот бароварда мешавад?

- Андозҳоро ҳам пардохт карда истодаед?

- Андозро мо аз рӯи ҳаҷми истеҳсол пардохт мекунем. Агар дар як моҳ 100 тонна нафт истихроҷ кунем, 36-38 ҳазор сомонӣ месупорем. Ҳозир дар як моҳ то 70 тонна нафт истихроҷ мекунем ва ба мақомоти андози ноҳияи Балҷувон 22 ҳазор сомонӣ андоз пардохт мекунем.

- Нафти шуморо кӣ мехарад?

- Маҳсулоти мо ба корхонаи хурди коркарди нафти Кӯлоб фиристода мешавад ва аз ашёи хоми мо дар он ҷо сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва бензин истеҳсол мекунанд. Сӯзишвории дизелӣ ва бензинро дар ҳамон ҷо фурӯхта, мазутро Раёсати истифодабарии роҳҳои Кӯлоб мехарад.

- Чаро ширкати «Ҳасан ва Ко», ки ба буҷети ноҳияи Балҷувон ҳар моҳ 100 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт мекард,  аз гирифтани нафти корхонаи шумо даст кашид?

- Ин ширкат нафти моро 10-12 сол пеш дар худи Балҷувон мехарид ва аллакай 5 сол аст, ки бо мо ҳамкорӣ надорад. Сабабаш ҳаҷми начандон зиёди истеҳсолоти мо буда, барои ширкат фоидаовар нест. Ҳаҷми кори ширкати «Ҳасан ва Ко» 10 ҳазор тонна буда, барои онҳо лозим аст, ки мо дар як шабонарӯз 350-400 тонна нафт истихроҷ кунем. Вақте ки ин ширкат бо мо ҳамкорӣ дошт, он замон мо ҳақиқатан ҳам ба талаботашон ҷавобгӯ будем. Акнун тавре ки мебинед, он замонаҳо гузаштанд…

ПАСГУФТОР

Қариб ҳамаи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд. Ва ҳукуматдорон аз он даст кашиданӣ нестанд. Захираҳои мо то кай кифоя аст ва боз кадом навъи сӯзишворӣ дар зери замини кишвар мавҷуд аст?