Қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ нисбати доллари ИМА тайи соли охир 11,9 фоиз поин рафт.

Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 1 январи соли 2017 қурби сомонӣ нисбати долларро 7,8762 сомонӣ барои 1 доллари ИМА муқаррар карда буд. Ба ҳолати 31 декабри соли 2017 қурби он аллакай 8,8190 сомониро ташкил медод.

Қурби сомонӣ нисбати Евро соли 2017 ба андозаи 27,3 фоиз - аз 8,3070 сомонӣ ба санаи 1 январ то ба 10,5766 сомонӣ барои 1 Евро ба санаи 31 декабри соли 2017 поин рафт.

Нисбати рубли русӣ арзи миллии Тоҷикистон тӯли як сол ба андозаи 20,8 фоиз беқурб шуда, аз 0,1261 сомонӣ барои 1 рубл дар аввали сол то ба 0,1524 сомонӣ ба санаи 31 декабри соли 2017 коҳиш ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.