Ширкати миллии «Тоҷик Эйр» шумораи парвозҳоро ба самти Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе зиёд мекунад.

Бино ба иттилои котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, аз 16 феврал мусофирон метавонанд дар як ҳафта ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба Ҳиндустон сафар намоянд.

«Парвоз  тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» сурат гирифта, давомнокии он дар як самт 2 соату 30 дақиқа ва  арзиши чипта 3 953 сомониро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати миллии «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин пешниҳод менамояд: Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, ҳамчунин Хуҷанду Хоруғ.