Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 - 3 млрд. 973 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 1,1 фоиз бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми содироти мол дар соли гузашта ба наздики 1,2 млрд. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 ба андозаи 33,3% (299 млн. доллар) зиёдтар мебошад.

Аз хориҷи кишвар дар як сол ба маблағи зиёда аз 2 млрд. 775 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс бо соли 2016 - 8,5% (256,3 млн. доллар) камтар аст. Ҳаҷми воридоти моҳона ба ҳисоби миёна дар соли 2017 - 231 млн. долларро ташкил додааст.

Соли гузашта Тоҷикистон бо 109 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ дошт. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Қазоқистон шуморида шуда, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия  936 млн. доллар ва Тоҷикистону Қазоқистон - 838 млн. долларро ташкил додааст, ки бо Русия ба миқдори 9,7 фоиз коҳиш ёфта, бо Қазоқистон баръакс - 24 фоиз афзудааст.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол бештар бо Чин - 33 фоиз кам шуда, 591 млн. долларро ташкил дод. Афзоиши бештари ҳаҷми муомилот бо Ӯзбекистон - 82 фоиз ба қайд гирифта шуда, ба 126 млн. доллар расидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.