Айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 24,9 млрд. сомонӣ (2,8 млрд. доллар) 68 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, 14 адад аз ин лоиҳаҳо қарзӣ, 25-тоаш грантӣ ва боз боқимонда 29-тоаш дар ҳаммаблағгузории қарзу грант мебошанд.

Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда аз оғози татбиқ дар маҷмӯъ 1 млрд. 492 млн. доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст, ки ин 52,9 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.

«Ҳамзамон дар давоми солҳои 2014-2017 тибқи қонунҳои кишвар 9 созишномаи сармоягузорӣ ва 1 шартномаи консессия ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи босамари онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 7 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гашта, беш аз 1,8 млрд. доллари амрикоӣ сармояи мустақим ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда хоҳад шуд», - омадааст дар маълумоти кумита.

Инчунин тибқи Созишнома байни Тоҷикистону Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз соли 2011 дар шаҳри Душанбе лоиҳаҳои “Диёри Душанбе” ва “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо 384,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Зикр мегардад, ки то ин давра дар доираи лоиҳаҳои болозикр ба иқтисодиёти кишвар беш 708,7 млн. доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардида, ба ҳолати 1 январи соли 2018 ҳаҷми андозу пардохтҳои гумрукии ба буҷет воридгардидаи лоиҳаҳо аз санаи оғози фаъолият зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2017 – зиёда аз 780 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳо то ин давра 4634 ҷойи корӣ, аз ҷумла барои 3306 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1326  шаҳрвандони хориҷӣ ташкил карда шудааст.

То ин давра корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон”, фабрикаи бойгардонӣ ва корхонаи металлургии ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой”, корхонаи истеҳсоли сементи  ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”, корхонаи истеҳсоли семент ва халтаи ҶДММ “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент”,  Корхонаи металлҳои ранга ва корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» аз ҷониби ҶДММ “Пакрут” аллакай сохта ба истифода дода шуда, корхонаи коркарди нафти ҶДММ “ТК Ойл” дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара мавриди истифодадиҳӣ қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.