Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 8,1% камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2017 дар вилояти Суғд - наздики 465 ҳазор, вилояти Хатлон - 268 ҳазор, шаҳри Душанбе - 195 ҳазор, ноҳияи тобеи марказ - 149 ҳазор ва ВМКБ - 44 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки сохтмони манзил дар ҷумҳурӣ асосан аз ҷониби субъектҳои бахши ғайридавлатӣ сурат гирифта, аҳолӣ дар он ҳиссаи назаррас дорад: соли 2017 аҳолӣ дар майдони умумии 854 ҳазор метри мураббаъ манзил бунёд кардааст, ки ба 76 фоиз аз ҳаҷми умумӣ баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, соли 2017 дар саросари кишвар 64 мактаби таҳсилоти умумии нав бо қариб 19 ҳазор ҷойи нишаст, 13 бунгоҳи тиббӣ, 5 бемористон ва 8 муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар маҷмӯъ соли 2017 ҳиссаи сохтмон дар ММД-и ҷумҳурӣ дар муқоиса бо соли 2016 - 1,9 фоиз, соли 2015 - 2,5 фоиз ва соли 2014 - 3,5 фоиз кам шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.