Ҳукумати Тоҷикистон давоми соли равон барои дастгирии буҷет 45 млн. доллар маблағ дарёфт карданист ва гуфтушунидҳо ҷиҳати кумак дар ин самт бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ идома доранд.

«Гуфтушунидҳо дар мавриди ин масъала ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида буданд. Имсол дар робита ба ин масъала бо масъулини ташкилотҳои молии байнулмилалии муқими кишвар вохӯриҳо гузаронида шуданд», - хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.

Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ умедворанд, ки аз гуфтушунидҳои ҷараёндошта натиҷаи мусбат ҳосил мешавад.

«Доир ба ин масъала мо бо ҳамаи ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, ки шарикони рушд мебошанд, ҳамкорӣ дорем», - илова кардаанд дар Вазорати молия.

Давоми солҳои охир Тоҷикистон мунтазам ба дастгирии буҷети кишвар аз ҷониби мададрасонҳои хориҷӣ ниёз дорад.

Солҳои 2016-2017 ҳукумат аз Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми умумии 110 млн. доллар ва аз Иттиҳоди Аврупо ба маблагӣ 6 млн. доллар чунин кумак дарёфт кард.

Ба ивази дастгирии молиявӣ ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба Тоҷикистон як қатор шартҳо мегузоранд, ки ҳукумати кишвар онро бояд иҷро кунад.

Ин шартҳо асосан иборатанд аз баргузории ислоҳот дар ин ё он самт, масалан, беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ, фазои корӣ, содда кардани расмиёти бонкӣ ва ғайра.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.