Арзиши сабикаҳои тиллои ба фурӯш гузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз оғози сол ба андозаи 3 фоиз боло рафт. Сабикаи 5-грамма имрӯз каме бештар аз 2 ҳазору 70 сомонӣ нарх дорад.

Бино ба маълумоти БМТ, ба санаи 21 феврали соли равон нархи сабикаи тиллои 5-граммӣ дар ҳаҷми 2070, 10 сомонӣ ва нархи фурӯш - 2049,40 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар оғози сол Бонки миллӣ сабикахои дорои чунин вазнро бо арзиши 2010,55 сомонӣ фурӯхта, бо нархи 1990,44 сомонӣ мехарид.

Ҳамин тариқ, аз оғози соли ҷорӣ арзиши сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ ба андозаи 2,9 фоиз боло рафтааст.

Ба ҷуз сабикаҳои 5-граммӣ Бонки миллӣ ҳамчунин сабикахои тиллои вазнашон 10, 20, 50 ва 100-граммиро низ мефурӯшад. Нархи фурӯши сабикаи 10-граммӣ аз 1 январ то имрӯз 3 фоиз афзуда, сабикаҳои вазнашон 20, 50 ва 100 граммӣ - 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта Бонки миллӣ сабикаҳои тиллоиро ба муомилоти озодона баровард. Арзиши фурӯш ва харидории сабикаҳо ҳамарӯза бо пули миллӣ муқаррар мешавад.

Нархи 1 грамми тилло дар сабика ба вазни умумии он вобастагии зиёд дорад. Зимни харидани сабикаи хурд нархи 1 грамми тилло назар ба харидории сабикаи калонтар зиёдтар мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.