Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаҳои фаръии он бо ширкатҳои Ӯзбекистон ба маблағи умумии наздики 460 млн. доллар 5 қарордод ба имзо расонид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, аз ҷумла байни ТАЛКО ва ҶС «Узбекнефтегаз» дар бораи маблағгузории ба кор даровардани 200 адад электролизер дар ширкати тоҷикистонӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.
Маблағи умумии қарордоди мазкур, ки амалисозиаш давоми солҳои 2018-2020 ба нақша гирифта шудааст, 320 млн. доллар арзёбӣ мешавад.
Ғайр аз ин, ТАЛКО бо ширкати «KRANTAS GROUP»-и Ӯзбекистон Созишномаи қолабии ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар он таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли техникаи махсуси авотомобилӣ ва сохтмон пешбинӣ шудааст.
Барои таъсиси ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 3,5 млн. доллар маблағ зарур буда, анҷоми сохтмони он то соли 2020 дар назар аст.
Ҳамчунин миёни ТАЛКО ва ширкати ӯзбекистонии «Техно Кабел Групп» дар бораи интиқоли сими алюминӣ (катанка) ба Ӯзбекистон ба маблағи умумии 75 млн. доллар Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, амалисозии он давоми солҳои 2018-2020 ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин ширкати «Талко Менеҷмент Лтд» ва ширкати ӯзбекистонии «Блу Белл Глобал Венчер» доир ба таҳвили коагулянт, ангишт ва флюорит ба Ӯзбекистон дар муддати се сол ба маблағи 52,5 млн. доллар Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Ширкати дигари фаръии ТАЛКО - «Ноқили ТАЛКО» ва ширкати ӯзбекистонии «Техно Кабел Групп» дар бораи интиқоли мис, фурӯши сим ва ноқилҳои алюминӣ ба Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, маблағи умумии ин санад, ки амалисозиаш тӯли солҳои 2018-2020 пешбинӣ шудааст, 9 млн. долларро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста