Мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия вазъи марбут ба парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистонро танҳо баъди ҷашни Наврӯз баррасӣ карданианд.

Вазорати нақлиёти Русия ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидҳо санаи 22 март дар Маскав гузаронида шаванд.

«Тоҷикистон ба ин гуфтушунид омода буда, аммо дархост кард, ки вохӯрӣ ба ҳафтаи охири моҳи март мавқуф гузошта шавад, зеро ҳафтаи ояндаи дар Тоҷикистон Наврӯз ҷашн гирифта шуда, санаи пешниҳоднамудаи Русия барои гуфтушунид ба рӯзи истироҳат рост меояд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Дар робита ба мушкилот атрофи парвозҳои ширкати русиягии «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистон, манбаъ зикр кард, ки ин ширкат иҷозатнома (шакли «Р») барои иҷрои парвозҳои мунтазамро аз шаҳрҳои зикршудаи Вазорати нақлиёти Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон надорад ва чнин иҷозатнома ба ин ширкат дода нашудааст.

«Анҷоми парвозҳои мазкур хилофи шартҳои баробар муқарраршуда миёни кишварҳо мебошад, яъне ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ин шаҳрҳо парвоз иҷро намекунанд», - илова кард сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Вазорати нақлиёти Русия дар робита ба аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод нашудани иҷозатнома барои анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон ба ширкати «Уралские авиалинии» нигаронӣ изҳор намуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.