Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад.

«Бо гази айни замон воридмешуда дар ҳаҷми 1 ҳазор метр дар як соат Ширкати алюминии тоҷик таъмин мешавад. Ояндаи наздик таъмини дигар корхонаҳои хоҳишманд низ оғоз хоҳад шуд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз».

Дар ширкати мазкур аз додани маълумот дар бораи нархи гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя худдорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти шабакаи давлатии телевизионии Uzbekistan-24, «бо газ дар навбати аввал ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон таъмин мешаванд».

Зикр мегардад, ки интиқоли гази табиӣ тариқи лӯлаи интиқоли гази «Музробод - Душанбе» сурат мегирад, ки иқтидори интиқолиаш ба 125 ҳазор метри мураббаъ дар як соат баробар аст.

Қарордоди хариду фурӯши гази табиӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 9 март дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид.

«Мувофиқи санади имзошуда, соли 2018 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи 15,1 млн. доллар ҳудуди 126 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад», - хабар дода буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Таъкид шуда буд, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табииро бо арзиши 120 доллар барои 1 ҳазор метри мураббаъ мефурӯшад, ки дар муқоиса бо нархҳои ҳозира дар бозори ҷаҳонӣ (нархи биржавии имрӯза - 277 доллар барои ҳазор метри мураббаъ) беш аз 2 маротиба поинтар аст.

Ӯзбекистон соли 2012 интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ намуд. Истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон - КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва чанде аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи сементбарории Душанбе маҳсуб меёфтанд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷа ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон, ки аз гази Ӯзбекистон истифода мекарданд, минбаъд ба гази синтезшудаи аз ангишт ҳосилшуда ё ба истифодаи худи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд.