Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба чанде аз операторони низоми пардохтӣ барои амалисозии фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатнома дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ба БДА ҶТ “Амонатбонк” (Низоми пардохти “Корти миллӣ”), ҶДММ Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” (Низоми пардохти “Вестерн Юнион”), Виза Интернешнл Сервис Эсосиейшн ва Мастеркард Европа СА барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.

Қайд мешавад, ки тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” операторони низомҳои пардохтӣ то 2 марти соли 2018 ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

«Ҳиссаи зиёди низомҳои пардохтӣ ҳуҷҷатҳои худро дар моҳҳои январ-феврали соли 2018 пешниҳод намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳуҷҷатҳо бо тартиби навбатнокии воридшавӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ баррасӣ гардида, дар давраи баррасии ҳуҷҷатҳо фаъолияти низомҳои пардохтӣ маҳдуд карда намешавад», - таъкид мегардад дар маълумот.

Дар БМТ қайд мекунанд, ки операторони низомҳои пардохтие, ки иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро мегиранд, уҳдадор гардидаанд, ки талаботҳои қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистонро риоя намоянд.

Гуфта мешавад, маълумот оид ба операторони низомҳои пардохтие, ки иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтиро гирифтаанд, ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид карда мешавад. Шакли электронии Феҳристи операторони низоми пардохтӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj дастрас мебошад.

Таъкид мешавад, ки ташкилотҳои қарзӣ ва операторони низомҳои пардохтӣ ҳангоми пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ бояд муқаррароти қонунҳои ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”-ро риоя намоянд.

«Ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми ҳамкорӣ намудан бо низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва платформаҳои пардохтии хориҷӣ талаботҳои санадҳои меёрии ҳуқуқии БМТ-ро вобаста ба мушаххас намудани шахсияти муштарӣ – шахси воқеӣ ба инобат гирифта, ба амалиётҳои ғайриқонунӣ ва шубҳанок бояд роҳ надиҳанд», - омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки танҳо таҳвилгари хизматрасонии пардохтие, ки ташкилоти қарзӣ мебошад, ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳои электрониро дорад.