Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба амалисозии Барномаи нави минтақавӣ оид ба рушди соҳибкории хурд (БМСХ) оғоз бахшида шуд, ки акнун соҳибкорони хусусии микро ва хурду миёна дар метавонанд аз баҳра баранд.
Мақсади Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ гардида аз тарафи Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) пеш бурда мешавад, аз ҷорӣ намудани таҷрибаи амалӣ (ноу-хау) дар маблағгузории соҳибкории микро, хурд ва миёна (СМХМ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ иборат аст.
Чорабинии ифтитоҳи лоиҳа дар шаҳри Душанбе аз ҷониби БАТР ва Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ ташкил карда шуда, дар он намояндагони воломақоми ИА, БАТР, созмонҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ иштирок намуданд.
Барнома ба ташкилотҳои молиявие, ки сохтори хусусиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд, платформае оид ба мубодилаи донишу таҷриба пешниҳод карда, инчунин ба ташкилотҳои молиявии миёнарав ҷиҳати дастрасии мунтазам ба таҷрибаи БАТР дар соҳаи мазкур тавассути воситаҳои рақамӣ кӯмак хоҳад намуд.
Мақсади ниҳоии барнома аз табдил додани платформаи рақамӣ ба системаи омӯзишии реҷаи онлайни барои ташкилотҳои молиявии Осиёи Марказӣ ба таври васеъ дастрас иборат аст. Зиёда аз ин, ташкилотҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои омӯзишии мунтазам дар мавзӯҳои гуногуни вобаста ба пешниҳоди хизматрасониҳо ба СМХМ иштирок хоҳанд намуд.
БМСХ аз ҷониби ширкати машваратии олмонии IPC (Internationale Projekt Consult GmbH), ки дар амалисозии чунин ташаббусҳо дар минтақа таҷрибаи собитшуда дорад, амалӣ карда мешавад.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста