Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» аллакай соли панҷум аст, ки пайдарҳам баҳри дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аксияи «Зардолу»-ро роҳандозӣ мекунад.

Ин иқдом бо ҳадафи рушди боғдорӣ ва дастгирии кишоварзон доир гардида, дар чаҳорчӯби он маблағгузории мақсадноки деҳқонони машғул ба парваришу коркарди ҳам зардолуи тару тоза ва ҳам хушкшуда нигаронида шудааст.

Аксия дар ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Конидому Исфараи вилояти Суғд баргузор мешавад, ки дар ин минтақа парвариш ва хушк кардани зардолу аз шуғлу тиҷорати асосии аҳолии маҳаллӣ ба шумор меравад.

Дар доираи ин аксия ҳамаи хоҳишмандон бо қарзҳои дастрас хариди яклухти ҳосили боғҳои зардолуро анҷом дода метавонанд.

Ҳаҷми қарз то 50 ҳазор сомониро ташкил дода метавонад, ки онро метавон дар муддати 24 соат бо фоизҳои нисбатан арзон дастрас намуд.

Маълумоти бештар муфассал бо телефони 1122.

«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» яке аз ниҳодҳои молии пешсафи Тоҷикистон мебошад, ки шабакаи иборат аз 133 дафтари кориро доро буда, муддати 18 сол аст, ки дар бозори қарздиҳии хурди кишвар фаъолият дорад.