Дар марзи Тоҷикистону Чин беш аз 100 автомашинаи борашон аз меъёр зиёд боздошт шуданд, ки тайи шабонарӯзи охир маҷбур шуданд дар терминали Тохтамишии ноҳияи Мурғоб таваққуф кунанд.

“Дар робита ба риоя нашудани меъёрҳои муқарраршудаи боркашонӣ, ба ин мошинҳо ҳаракат дар роҳҳои автомобигарди дохилӣ иҷоза нашуд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, вазни иҷозашудаи бор 40 тоннаро ташкил медиҳад, вале вазни бори ин автомашинаҳо қариб ду баробар зиёдтар аст.

“Бори аз меъёр зиёд ба вайроншавии роҳҳои автомобилгарди дохилӣ боис мегардад, - гуфт манбаъ. - Мо чандин маротиба ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ширкатҳои боркашонро, ки ба ҳамлу нақли бор аз Чин машғуланд, дар ин хусус огоҳ кардем”.

Дар Вазорат қайд карданд, ки воситаҳои нақлиёти боздоштшуда рӯзи 9 май раҳо ва ҳаракат тариқи қаламрави Тоҷикистон ба онҳо иҷоза шуд.

“Тасмим гирифтем, ки гузашт шуда, ба ҳаракати автомашинаҳо ба дохили ҷумҳурӣ иҷоза шавад, вале бо шарти дафъаи оянда такрор нашудани ин амал”, - афзуд манбаъ.

Дар Вазорат бобати маҳз ба кӣ тааллуқ доштани воситаҳои нақлиёте, ки тартиби боркашонӣ дар роҳҳои дохилиро риоя накардаанд, маълумот надоданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.