Фавран маблағ лозим аст, аммо бақияи корти Шумо сифрро нишон медихад? Дар ин ӽолат хизматрасонии Овердрафти кортхои пардохтии «Эсхата Экспресс» мададгори шумост!

Хизматрасонии мазкур – қарзи кӯтоҳмуддат буда, ба мӯӽлати 60 рӯз пешниҳод мегардад. Раванди пайвастшавӣ ба овердрафти «Эсхата Экспресс» осон буда, ҳуҷҷати зиёд ва таъминоти гарав талаб намекунад.

Аз хизматрасонии «Эсхата Экспресс» мизоҷони зерин истифода бурда метавонанд:

·        Мизоҷони қарзӣ, ки дар бонк қарзи ҷорӣ доранд;

·        Амонатгузорон

·        Гирандагони интиқоли пулӣ

Мунтазам аз интиқоли пулӣ истифода мебаред? Пас метавонед корти бонкиро бо овердрафт, ки меъёраш 500 сомонӣ мебошад, дастрас намоед.

Дар бонк пасандоз доред? Бароятон меъёри овердрафт 2500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Агар аз бонк қарз гирифта бошед, пас имконияти дастрас намудани корт бо меъёри овердрафташ то 3000 сомонӣ пайдо хоӽед кард.

Бо кортҳои Бонки Эсхата метавонед дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ барои хариди кардаи худ пардохт намоед, бо истифода аз банкомат пулҳои нақдро дастрас кунед, бо ёрии терминалҳои пардохтӣ суратҳисоби кортро пурра намоед, инчунин маблағи дар корт бударо метавонед захира намоед.

Хотиррасон карданием, ки бақияи дар корти Шумо мавҷудбуда ба 6% солона зиёд карда мешавад. Кортро ройгон соҳиб шавед!

Мизоҷи Бонки Эсхата ҳастед? Аз корманди бонк меъёри худро пурсон шуда, аз имконияти қулай бебаҳра намонед.

Маълумоти муфассал тариқи рақами кӯтоҳи 808 ё тавассути сомонаи бонк - http://www.eskhata.com/tj/about/news/3501/.