Агар «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ояндаи наздик сармоягузориҳои иловагӣ ҷалб карда натавонанд, иҷозатномаҳояшон барои амалисозии фаъолияти бонкӣ бозхонд мешавад.

«Агар ин бонкҳо аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон (ҷалби сармоягузории иловагӣ ва баргардонидани маблағҳои дастгирии молиявии ҳукумат) набароянд, нисбати онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад, то имкони бозхонди иҷозатнома», хабар дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз, 25 май дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, баъди гирифтани кумак аз ҳукумат аввали соли 2017 ин бонкҳо уҳдадор шуда буданд, ки вазъи молиявии муассисаҳояшонро муддати се сол комилан солиму ба эътидол меоваранд.

«Раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» ба ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ дар муддати 6 моҳ ва «Агроинвестбонк» - то охири моҳи май ваъда дода буданд. Умедворем, ки вазъи ин бонкҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад», - гуфт ӯ.

Дар робита ба баргардонидани маблағҳои кумаки молиявии ҳукумат аз ин бонкҳо, Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки дар доираи ҷадвали қабулшуда «Тоҷиксодиротбонк» уҳдадориҳои худро пурра иҷро мекунад.

«Ба онҳо муяссар шуд, ки 5%-и саҳмияҳои худро аз ҳукумат харанд. «Агроинвестбонк» аз ҷадвали пардохти қарзҳо назди ҳукумат қафо мемонад. Агар ояндаи наздик воситаҳои иловагӣ ворид шаванд, ин бонк нахуст қарзи ҳукумат дар ҳаҷми беш аз 50 миллион ва сипас воситаҳои аҳолиро бармегардонад», - иброз дошт раиси БМТ.

Ӯ қайд кард, ки аз ҷониби Бонки миллӣ доир ба танзими минбаъдаи вазъ дар ду бонки зикршуда тавсияҳои мушаххас омода ва ба ҳукумат пешниҳод шудааст. «Нақшаи чорабиниҳоро мо чанд рӯз пеш ба ҳукумат пешниҳод кардем», - гуфт номбурда.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Бонки миллӣ даъват кард, ки то охири сол ин масъала ниҳоӣ ҳаллу фасл шавад, то ки эътимоди мардум ба низоми бонкӣ комилан аз даст наравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.