Наздики 82%-и маблағгузорӣ ба Тоҷикистон, ки аз ҷониби бонкҳои байнулмилалии рушд семоҳаи аввали соли равон барои Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба Бонки осиёгии рушд (БОР) рост меояд.

«Ҳаҷми асосии сармоягузорӣ ба Тоҷикистон қарзи БОР дар бахши «Нақлиёт ва Зербинои нақлиётӣ» ба маблағи 90 млн. доллар аст», - қайд мешавад дар Гузориши фаъолияти сармоягузории бонкҳои байнулмилалии рушд дар семоҳаи аввали соли 2018, ки аз ҷониби Бонки авруосиёии рушд омода шудааст.

Дар он зикр мегардад, ки грант дар ҳаҷми 90 млн. доллар ба таъмиру навсозии 40 километр роҳи Душанбе - Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) равона мегардад.

Ғайр аз ин, таъкид мешавад дар Гузориш, семоҳаи аввали соли равон БОР кумаки техникиро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 700 ҳазор доллар барои беҳбуди нигоҳубини солимии модарону кӯдакон низ тасдиқ намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби БОР тасдиқ шудани маблағгузорӣ ба ду лоиҳа дар Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 18,37 млн. доллар қайд мешавад, ки 16,57 млн. доллари он - ба амалисозии лоиҳаи барқарорсозӣ ва идоракунии иншооти обёрии Зарафшон ва 1,8 млн. доллар - ба татбқиқи лоиҳаи таҳкими шабакаи таъмини амнияти иҷтимоии кишвар харҷ мешавад.

Дар Гузориш ҳамзамон 2 млн. доллар сармоягузории Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) баҳри маблағгузорӣ ба талабот дар сармояи гардишии ҶДММ «Таҷеро» (ширкати савдои машғул ба воридот ва тақсим (дистрибутсия)-и маҳсулоти хӯрокворӣ) низ зикр мегардад.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ беш аз 1,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Фаъолияти БОР дар Тоҷикистон ба беҳбуди вазъи зербино, ислоҳи муҳити сармоягузорӣ ва беҳтар кардани амнияти ғизойӣ нигаронида шудааст.

Аввали соли равон намояндагии доимии БОР эълом дошт, ки ҳадди ақал то охири соли равон ин бонк ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт (грантӣ) маблағузорӣ мекунад. Сабаби бо грантҳо ба маблағгузорӣ гузаштан сарбории қарзи ҷумҳурӣ унвон шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.