Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) изҳор мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии барномаи имконпазир оид ба дастгирии ҷумҳурӣ аз ҷониби Хазина ноил гардиданист.

«Ҳукуматдорони Тоҷикистон ишора намуданд, ки хостори баррасии барномаи имконпазире мебошанд, ки аз ҷониби Хазина дастгирӣ шавад», - омадааст дар изҳороти ҳайати ХБА баъди анҷоми сафар ба Тоҷикистон.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки гуфтушунидҳо оид ба роҳандозии барномаи нав метавонанд моҳҳои наздик, баъди «омодагии дақиқи ҳарду ҷониб, ҳукуматдорони Тоҷикистон ва кормандони ХБА оғоз шаванд».

«Бо мақсади фароҳам овардани замина барои гуфтушунидҳо оид ба барнома, ҳукумати Тоҷикистон аллакай тадбирҳоеро роҳандозӣ намуд, ки бозгӯи пешрафти ислоҳот мебошанд», - баён мешавад дар изҳорот.

Расо як сол пеш низ намояндагони ҳайати Хазина аз рӯи натиҷаҳои сафар ба Тоҷикистон чунин изҳори назар карда буданд.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарзи навбатӣ муддати тӯлонӣ - аз соли 2012 идома доранд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.

Намояндагони ХБА он замон изҳор доштанд, ки моҳҳои наздик мувофиқаи барномаи минбаъдаи сессола муяссар мегардад, вале муддати аллакай 6 сол аст, ки гуфтушунидҳо дар ин самт идома дошта, лекин то ҳол натиҷаи мушаххасе ҳосил нашудааст.

Дар доираи барномаи нави зикршуда Тоҷикистон барои дастгирии иқтисоди кишвар аз ХБА ба маблағи 500 млн. доллар қарзи имтиёзнок дастрас карданӣ буд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе машваратҳои ХБА бо Тоҷикистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он зикр гардид, ки «марҳилаи минбаъда баррасии шарт ва тадбирҳои сиёсат дар доираи барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ хоҳад буд».

«Тасдиқи барномаи нав бо ХБА қариб дар ҳама кишварҳо хеле зиёд тӯл кашида, ба он вобаста аст, ки ҳамаи шарту тадбирҳои пешакии барнома бояд бо назардошти хавфу омилҳое, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ баъзан вақт ба расидан ба созиш монеъа эҷод мекунанд, мувофиқа шаванд», - гуфта буданд дар Бонки миллӣ.

Зимнан зикр гардида буд, ки дар иҷрои тадбирҳои пешакии сиёсати қарздиҳии пешниҳодшуда аз ҷониби ХБА Тоҷикистон айни замон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

«Барномаи нави ХБА пеш аз ҳама, ба дастгирии стратегияи иқтисодии Тоҷикистон, ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ ва дар баробари ин афзоиши рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ҳамчунин дастгирии тавозуни пардохт ва устувории захираҳои байнулмилалии кишвар нигаронида шудааст», - афзуданд дар БМТ.