Дар мавзеи Булункӯли ноҳияи Мурғоб озмоиши нодири парвариши зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.
Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар майдони беш аз 15 гектар картошка ва растаниҳои хӯрока шинониданд.
Деҳаи Булункӯл дар баландии 3 750 метр дар саҳи баҳр ҷойгир шуда, сардтарин мавзеъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (то 63 дараҷа хунук) мебошад. Айни замон дар ин ҷо 62 оила иқомат доранд, ки ба чорводорӣ машғуланд.
Ба гуфтаи корманди калони илмии Пажуҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Партоев, дар Булункӯл истифодаи беш аз 500 гектар замини кишвоарзӣ имконпазир аст.
Бо қарори раҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон, аз 24 то 31 май як гурӯҳи олимон дар ин ҷо бо ёрии сокинони маҳаллӣ дар майдони 0,5 гектар карошка шинонида, дар 15 гектар растаниҳои хӯроки чорво, аз қабили ҷав, алафи юнучқа ва ғайра кишт карданд.
«Ҳадафи аслии ин озмоиши илмӣ-истеҳсолӣ муайян кардани имкони парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар шароити баландкӯҳ аст. Дар замони таҳдиди тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқавории саросари дунё, ин масъала имрӯз хеле муҳим аст», - иброз дошт Партоев.
Олимон интизорӣ доранд, ки дар сурати роҳандозии дурусти тадбирҳои агротехникӣ, дар Булункӯл метавон ҳосили хуби зироатҳои зикршударо ба даст овард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста