Пас аз иваз шудани раҳбарияти КВД «Нури Ховар» (собиқ «Заря Востока») хатҳои технологии ин корхона ба кор даромаданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, айни замон дар корхона қубурҳои полиэтиленӣ ва ҳамчунин бо истифода аз ашёи хоми ҶДММ «Талко Кабель» дигар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.

«Аз ҷумла, кори хати истеҳсоли қубурҳои поливинилхлорид (ПВХ), резини техникӣ барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии ҳама гуна навъҳои автомашинаҳо ва хокаи резинӣ барои майдончаҳои варзишӣ ва роҳҳои автомобилгард роҳандозӣ шуд», - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти «Нури Ховар» дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳамчунин дастгирии раиси вилояти Суғд ҷиҳати афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли маҳсулот, ҳамчунин таъсиси шумори бештари ҷойҳои нави корӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон дар ҳайати раҳбарии КВД «Нури Ховар» тағйирот сурат гирифт. Директори нави генералии корхона Парвиз Ҷабборзода таъин шуд. Корхона дар шаҳри Истиқлол (собиқ) Табошар воқеъ аст.

Айни замон КВД «Нури Ховар» яке аз корхонаҳои бузурги вилояти Суғд мебошад, ки молу маҳсулоти ниёзи мардум ва маҳсулоти таъиноти истеҳсоли ва техникӣ истеҳсол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.