Ширкати дӯзандагии «Гулистони Душанбе» дар омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон оид ба футбол саҳм гузошт.

Чанде қабл ширкат як миқдори зиёди сарулибоси варзиширо бо тамғаи дар ҷаҳон маъруфи Umbro ба Русия фиристод. Акнун маҳсулот бо ин тамға мунтазам дар корхона истеҳсол хоҳад шуд.

- Пас аз танаффуси тӯлонӣ аз соли гузашта бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монда, ба қабули фармоишҳо оғоз намудем, - мегӯяд директори генералии корхона Дилшод Бегов. - Ин ба бозгашти кормандони зиёд ба кор аз рухсатии бемуҳлат имкон дод. Агар соли гузашта шумори кормандони корхона каме бешар аз 50 нафарро ташкил медод, пас имрӯз ба 120 нафар расид. Аз моҳи июл то декабри соли гузашта ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки асосан аз фармоишҳо ба сарулибоси мактабӣ ва махсус иборат буданд.

Asia-Plus

Ба гуфтаи директори генералии Гулистони Душанбе», яке аз дастовардҳои назарраси корхона гирифтани иҷозатномаи истифода аз тамғаи Umbro дар тайёр кардани сарулибоси варзишӣ маҳсуб меёбад.

- Гуфтушунидҳо дар ин хусус чандин моҳ ҷараён доштанд. Мо ба роҳбарони ширкатҳо исбот карда тавонистем, ки корхона ва устоҳои он аз уҳдаи истеҳсоли сарулибоси хушсифат бо тамғаи Umbro мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва талаботи ин ширкат ба хубӣ мебароянд.

Зимнан зикр гардид, ки семоҳаи аввали соли равон дар корхонаи «Гулистони Душанбе» миқдори аввали сарулибос бо тамғаи Umbro истеҳсол шуда, онро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ ширкати русиягии «АВМ Sport» харидорӣ кард.

Намунаҳои сарулибос
Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки айни замон дар корхона 16 навъи сарулибоси гуногун истеҳсол мешавад. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар дохили кишвар маҳсулоти корхона ба маблағи беш аз 2 млн. сомонӣ ба фурӯш рафта, аз ин корхона 64 ҳазор сомонӣ даромад гирифт. То охири сол истеҳсоли маснӯот ба маблағи то 7 млн. сомонӣ - 2,5 млн. барои содирот ва 4-4,5 млн. сомонӣ барои фармоишҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.