Эстакадаи сесатҳаи нақлиётӣ дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) моҳи сентябри соли равон - ба муносибати ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин аввалин чунин навъ эстакада дар Тоҷикистон мебошад.

«Корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбианд, танҳо хобонидани қишри дуюми асфалт ва анҷоми корҳои ободониву кабудизоркунии қаламрави гирду атроф ва паҳлӯи роҳ боқӣ монд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Маркази амалисозии лоиҳаҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Чанде қабл дар қисмати поёнии эстакада ба таври озмоишӣ ба ҳаракати нақлиёт иҷоза дода шуд.

«Эстакада моҳи сентябри ҳамин сол пурра омода ва дар рӯзҳои ҷашни солгарди навбатии истиқлолият ба истифода дода мешавад», - гуфтанд дар Вазорат.

Корҳои сохтмони эстакадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон», қитъаи роҳи аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе моҳи сентябри соли 2016 оғоз гардиданд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи феврали соли равон дар маҳаллаи Қарияи Боло низ корҳои сохтмони эстакадаи дуюм шурӯъ шуд.

Барои амалисозии ин лоҳа Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 35 млн. доллар қарз ва ҳамчунин ба маблағи 3 млн. доллар кумаки техникӣ ҷудо кард. Созишномаи дахлдор дар ин бора тобистони соли 2015 ба имзо расида буд.

Лоиҳаи мазкурро ширкати ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян-Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) -и Чин амалӣ месозад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.