Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ эълон карданд, ки амалисозии лоиҳаи «Татбиқи стратегияи миллии рушди омори Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018» ба итмом расид. Барои амалисозии ин лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба сифати грант 2,5 млн. доллар маблағ ҷудо кард.

Дар мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар кишвар, ки санаи 6 июн доир гардид, масоили марут ба амалисозии ин лоиҳа баррасӣ шуданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати молия.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ изҳор намуданд, ки ҳисоботи ниҳоӣ доир ба амалисозии лоиҳаро ояндаи наздик ба баррасии Вазорат пешниҳод мекунанд.

Зимнан таъкид мешавад, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур Бонки ҷаҳонӣ ба сифати грант 2,5 млн. доллар маблағ ҷудо кард.

Ҳадафҳои асосии амалисозии лоиҳа дастгирӣ ва роҳандозии ислоҳот дар низоми миллии омори Тоҷикистон унвон мешаванд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба густариши ҳамкории дуҷониба ва амалисозии лоиҳаҳои муҳим баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар омодагӣ изҳор намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.