Ба ширкати Билайн дар Тоҷикистон директори нави генералӣ таъин шуд. Мутахассис аз Қирғизистон Алмазбек Қодирқулов ба ин вазифа таъин шуд.

Ин маълумотро бо шарти ифшо нашудани ному насаб дар ширкати «Билайн Тоҷикистон» тасдиқ карданд. Директори нави генералӣ рӯзи 11 июн ба кормандони ширкат муаррифӣ шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар Қирғизистон Қодирқулов дар мансабҳои муовини вазири маориф ва илм, директори Агентии давлатии алоқаи назди ҳукумати ин кишвар, раиси Раёсати ҶСК «Қирғизтелеком», ҳамчунин раиси Фонди идоракунии амволи давлатии Қирғизистон кор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, санаи 8 июн Холдинги VEON Ltd.-и Голландия изҳор намуд, ки ҷараёни фурӯши воҳиди худро дар Тоҷикистон пурра ба итмом расонидааст. Акнун ҶДММ «Таком» ба ширкати ZET Mobile Limited тааллуқ дорад. Тафсилоти муомилот алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 апрел VEON Ltd. дар бораи созиш ҳосил крадан бо ширкати ZET Mobile Limited изҳорот пахш намуд. Дар санад зикр шуда буд, ки ин тасмим ба стратегияи ширкат оид ба ба ҳадди камтарин расонидани сандуқи дороиҳои телекоммуникатсионӣ ва баромадан аз бозорҳои тиҷораташ хурд барои ширкат асос ёфтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.