Дар ҷараёни сафари кории ҳайати Хадамоти бехатарии давлатии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меҳмонон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуда, бо рафти сохтмони ин иншоот аз наздик шинос шуданд.

Ҳайати меҳмонон аз кишвари ҳамсоя ҳамчунин ба ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо манзарҳои зебо ва табиати биҳиштосои ин дара, ҳамчунин имконоти сайёҳии ин минтақа ошно гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки замони сари қудрат будани президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов Ӯзбекистон қотеъона мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори назар мекард. Зикр мегардид, ки бо сохтмони нерӯгоҳ кишварҳои поёноб аз об маҳрум мешаванд.

Баъди сари мансаб омадани президенти нави Ӯзбекистон вазъ ба куллӣ тағйир ёфт. Дар изҳороти муштараки қабулшуда зимни сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҷонибҳо изҳор намуданд, ки яке аз омилҳои калидии некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ истифодаи комплексии захираҳои обиву энергетикӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.