Вакилони палатаи поёнии парлумон пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди додани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии  /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоти муосири радионавигатсионӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин росто, ба Қонуни ҶТ «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид гардид.

Муовини Вазири молияи  ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадиён ҳадафи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро дар  Парлумони мамлакат тавзеҳ дода, гуфт, ки ин тадбир  ҷиҳати  иҷрои «Барномаи давлатии  рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2025»   андешида шудааст.

Мавсуф афзуд, ки  дар асоси ворид намудани  илова ба қонуни мазкур  КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои ворид намудани таҷҳизоти муосири радионавигатсионӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ  озод карда мешавад. Ҳадафаш таъмини рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасонӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар мебошад.

Тибқи шартнома, арзиши таҷҳизоти  воридшаванда 1,2 миллион доллар буда, маблағи имтиёзҳои андозию гумрукӣ  278,4 ҳазор доллари амрикоӣ ё 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки бо харидорӣ ва васл намудани таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ аз сӯи КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  имконият пайдо мегардад, ки маблағҳои буҷавӣ барои Вазорати мудофиаи мамлакат  сарфа шуда, бо назардошти  созмон додани низоми парвозҳои бехатар дар фазои ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардад.

Муовини директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Раҳимҷон Саидов,  ки ҳамзамон дар баррасии  масъалаи мазкур ҳузур дошт, гуфт, ки воридоти таҷҳизоти муосир ба  таъмини бехатарии фазои ҳавоии кишвар,  рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва  зиёд намудани парвозҳои транзитӣ мусоидат менамояд.

Раҳимҷон Саидов зикр кард, ки таҷҳизоти муосири радионавигатсионӣ вақтҳои наздик ба кишвар ворид гардида, интизор меравад, ки моҳи июл насбу васл  шаванд. Мавсуф афзуд, ки таҷҳизоти муосири  воридшаванда таҷҳизоти муайянкунандаи самти  масофаи ҳавопаймо то фурудгоҳ буда, шаш адад  мебошанд. Ин таҷҳизот дар тамоми фурудгоҳҳои   кишвар ва ду адади он дар нуқтаҳои баландтарини мамлакат,  ба мисли ағбаи Шаршар  ва шимоли кишвар насб карда мешаванд.

Таъкид шуд, ки воридоти таҷҳизоти  муосири радионавигатсионӣ барои таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар аз аҳамияти калон бархурдор буда, дар ин росто ба афзоиш ёфтани хатсайрҳои транзитӣ дар фазои ҳавоии  кишвар мусоидат менамояд.