Тоҷикистон дар сафи нуҳ кишварҳое қарор дорад, ки соли гузашта ба сатҳи рушди иқтисоди баландтарин ноил гардидаанд.

Дар гузориши моҳи июни Бонки ҷаҳонӣ «Дурнамоҳои глобалии иқтисодӣ» қайд мешавад, ки соли 2017 сатҳи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод.

Сатҳи баландтари афзоиши ММД дар соли гузашта дар ду кишвари африқоӣ: Эфиопия - 10,3% ва Гвинея - 8,2% ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳои рушди иқтисодашон назаррас ҳамчунин Непал (7,9%), Гана (7,8%), Арманистон (7,5%), Туркия ва Бутан (7,4%-ӣ), Бангладеш (7,3%), Тоҷикистон (7,1) ва Ҷибути (7,0%) шомил шудаанд.

Соли 2017 сатҳи афзоиши ММД Туркманистон - 6,5%, Ӯзбекистон - 5,3%, Қирғизистон - 4,4%, Қазоқистон - 4,0% ва Русия - 1,5%-ро ташкил дод.

Сатҳи афзоиши ММД-и кишварҳои иқтисодашон пурқудрат дар соли гузашта тариқи зайл аст: ИМА - 2,3%, Чин – 6,9%, Минтақаи Аврупо – 2,4%, Япония – 1,7%, Британияи Кабир – 1,8%.

Ба сурати умум соли гузашта сатҳи афзоиши иқтисоди ҷаҳон 3,1%-ро ташкил дод.

Бонки ҷаҳонӣ сатҳи афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2018 - 6,1% пешгӯӣ мекунад. Сатҳи афзоиши нисбатан баландтар дар 16 кишвари ҷаҳон пешгӯӣ шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 61,6 млрд. сомонӣ (наздики 7 млрд. доллар)-ро ташкил дод. Ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиши ММД-ро соли 2018 дар сатҳи 7% интизорӣ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.