Тайи чанд рӯзи охир арзиши гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон қариб 15 фоиз боло рафт. Талабот ба ин навъи сӯзишвории автомобилӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст.

Нархҳо ба гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ дарҳол пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон - аз 16 июн афзоиш ёфтанд.

Айни замон 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 3,9 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки то 15 июн арзиши он 3,4 сомониро ташкил медод.

Дар ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба кишвар болоравии арзиши газро ба афзоиши нархи он дар Қазоқистон нисбат медиҳанд, ки қариб 80 фоизи гази моеъ аз ҳамин кишвар ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, семоҳаи аввали соли 2018 нархи гази моеъ дар ин кишвар бидуни назардошти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 10 фоиз боло рафтааст.

Моҳи майи соли равон парлумони Қазоқистон лоиҳаи қонун дар бораи газ ва таъминот бо газро маъқул шуморид, ки ба истеҳсолкунандагони ин навъи сӯзишворӣ барои зарар надидан имкон фароҳам овард.

Вакилони парлумони Қазоқистон қайд карданд, ки нархи мавҷудаи ҳадди ниҳоии яклухт ба гази моеъ (наздики 120 доллар) натанҳо аз нархи содиротӣ, балки аз нархи яклухт дар кишварҳои ҳаммарз ба таври назаррас пасттар аст. Онҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ин ба содироти ғайриқонунӣ аз Қазоқистон шароит фароҳам меорад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар ҷумҳурӣ беш аз 60%-и нақлиёти автомобилӣ имрӯз ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Айни замон беш аз 30 ширкат ба интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон машғуланд, ки нисбатан бузургтаринашон миёни онҳо – «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Темур ойл», «Мабдаи нур» ва «Фароз» мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.