Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР)-ро оид ба лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) маъқул шуморид.

Муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамшед Каримзода иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии Созишнома БОР ба сифати кумаки ройгон ба Тоҷикистн барои таъмиру навсозии қитъаи 40-километрии роҳ аз мавзеи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар 90 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

«Дар доираи амалисозии лоиҳа дар роҳи Душанбе - Бохтар пули автомобилгарди нави дарозиаш 300 метр сохта мешавад», - гуфт Каримзода.

Корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 комилан ба итмом мерасанд. Бари он дар баъзе ҷойҳо то 27 метр мерасад.

Амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида, дар доираи он таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ аз шаҳри Душанбе - то мавзеи Даҳанакиик дар Хуросон ҷараён дорад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи аввал ширкати «Синтзян Бейсин»-и Чин ва мушовири байнулмилалӣ - ширкати олмонии «КОКС» мебошанд.

Ба амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа дар маҷмӯъ 96 млн. доллар маблағ равона мегардад. Воситаҳо аз ҷониби БОР (49,4 млн. доллар - қарз ва 17,8 млн. доллар - грант), Фонди ОПЕК (12 млн. доллар - қарз) ва ҳукумати Тоҷикистон (17,1 млн. доллар) таъмин мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.