- Доир ба корҳои кашфи захиарҳои нафту газ мушкилот зиёд аст. «Газпром» ба корҳояш дар Тоҷикистон хотима бахшид. Як моҳ пеш маводи аввалияро дар бораи Сариқамиш гирифтем. Акнун «Газпром» Тоҷикистонро тарк мекунад, - гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 18 июл муовини сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Раҳмонбек Бахттдавлатов.

Ба гуфтаи ин мутахассис, технологияҳои мавҷуда ба Тоҷикистон барои роҳандозии истихроҷи нафту газ дар қаъри замини кишвар имкон намедиҳанд.

«Аз ҷониби дигар, мо ба «Газпром» умедвор будем, ки бо иқтидорҳои худ як кореро анҷом медиҳанд. Лекин бо як чоҳ наметавон ба кашфи кони нафту газ муваффақ шуд. Барои кашфи кони Тюмен беш аз 1 ҳазор адад чоҳ парма шуд. Дар Тоҷикистон «Газпром» як чоҳро парма карда, мегӯяд, дар мо нафту газ нест. Ду-се чоҳро парма кардан зарур буд. Алҳол бошад, ба ояндаи нек умед мебандем», - изҳор дошт Бахтдавлатов.

Барои изҳори назар доир ба ин масъала ба роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов муроҷиат намудем, лекин ӯ дархост кард, ки саволҳоямонро ба таври хаттӣ ба ӯ ирсол намоем ва ӯ баъдан посух хоҳад гуфт.

Ёдрас мекунем, ки соли 2006 «Газпром» барои омӯзиши геологиии майдони ояндадори Саргазон (70 километрии ҷанубу шарқи Душанбе) ва Ренгон (20 километрии ҷануб) иҷозатномаҳо гирифта, вале барои гузаштан ба марҳилаи фаъоли корҳо дар минтақа, танҳо соли 2008 баъди дастрасии боз ду иҷозатномаи корҳои кашфу геологӣ дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ корҳоро оғоз намуд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон - дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад.

Аммо баъдтар роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов изҳор карда буд, ки Супурдани ду иҷозатнома (дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) маънои онро надорад, ки ширкат ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон комилан хотима мебахшад. "Мо дигар шаклҳои фаъолият дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунем", - изҳор дошта буд ба «Азия-Плюс»  Игор Шаталов.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мебояд гуфт, айни замон дар Тоҷикистон корхонаи дигари фаръии «Газпром» - ҶДММ «Газпромнефт - Тоҷикистон»  низ фаъолият дорад, ки ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ машғул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.