Кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» аз оғози сол беш аз ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквориро мусодира намуданд, ки ба меъёрҳо мутобиқ набуда, ё худ муҳлаташ гузашта ва ё вайрон шуда буд.

«Қисмате аз ин маҳсулот пастсифат ва боқимонда ғайримутобиқ ба меъёрҳои тамғабандӣ дониста шуд», - хабар дод зимни нишасти хабарӣ директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли 2018 кормандони Агентӣ наздики 2 ҳазору 350 ҳолати ба бозори дохилӣ ворид шудани маҳсулоти хӯроквориро ошкор намуданд, ки ба меъёрҳои амнияти озуқаворӣ ҷавобгӯ набуданд.

«Дар байни ин маҳсулот беш аз 300 тонна маснӯоти гӯштӣ, 153 тонна орди гандум, 136 тонна маснӯоти қаннодӣ, зиёда аз 105 тонна иловаҳои гуногун ба ғизо, наздики 68 тонна машрубот, 58 тонна чой ва ғайра мусодира шуд, ки дар маҷмӯъ беш аз 1,1 ҳазор тоннаро ташкил дода, ин маҳсулот метавонист рӯйи мизи тоҷикистониён афтад», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки қисмати зиёди ин маҳсулотро соҳибкорон аз хориҷи кишвар ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.