Сатҳи пасттарини музди меҳнат байни кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, гуфта мешавад дар гузориши «Муқоисаи музди меҳнат дар солҳои 2011-2017 байни кишварҳо»-и Пажуҳишгоҳи таҳқиқотии «Мактаби олии иқтисод».

Бино ба маълумоти ин гузориш, соли 2017 сатҳи воқеии музди меҳнат дар Тоҷикистон 137 долларро ташкил дод, ки нишондиҳандаи пасттарин байни кишварҳои узви ИДМ ва давлатҳои пасошӯравӣ мебошад.

Ин нишондиҳанда дар дигар кишварҳои узви ИДМ ва пасошӯравӣ чунин аст: Русия – 670,9 доллар, Қазоқистон – 459,1, Беларус – 421,9, Озарбойҷон – 306,7, Молдова – 308,4, Украина – 272,9 ва Қирғизистон – 216,3 доллар.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.