Беш аз 250 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз ба шаҳри Тошканд раҳсипор шуданд.

Ҷаласаи Шӯрои мазкур зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон рӯзҳои 17-18 август дар маҷмааи “Узэкспомарказ”-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Ба ҳайат намояндагони ширкатҳои машғул ба истеҳсоли алюминии аввалия, маҳсулоти дӯзандагӣ ва бофандагӣ, навъҳои гуногуни таҷҳизот, маҳсулоти хӯрокворӣ, маснӯъоти чармӣ, масолеҳи сохтмон, матоъ, сарулибосу пойафзол, маснӯоти заргарӣ ва ҳунармандону косибон шомиланд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони ҳарду кишвар имзои беш аз 40 санади ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 200 млн. доллари ИМА дар назар аст.

Иштироки сарони кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистондар ҷаласаи Шӯрои мазкур ба нақша гирифта нашудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки пагоҳ дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Истеҳсоли Тоҷикистон” намоишгоҳи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Санаи 17 август сарони кишварҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ боздид мекунанд.

Зимни баргузории намоишгоҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ӯзбекистон қарор хоҳад дошт.

Дар ҷараёни сафар аз имзои ҳудуди 23 созишнома ва санадҳои нави ҳамкорӣ интизорӣ меравад. Ба ҷуз созишномаҳо дар бахши амният, ҷонибҳо ният доранд, ки дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кинематография ва хадамоти гидрометереологӣ санадҳои дуҷониба ба тасвиб расонанд.

Ғайр аз ин, байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи шарикии стратегӣ, таъйин ва аломатгузории пурраи сарҳадӣ давлатӣ созишнома ба имзо мерасад.

Қобили зикр аст, ки сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон бори охир моҳи марти соли 1998 доир гардида буд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 сентябри соли 2016 дар маросими ба хок супурдани президенти аввалини Ӯзбекистон Ислом Каримов низ иштирок кард.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли равон байни кишварҳо 27 созишнома ба имзо расид, ки аксари бахшҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро фаро гирифта, созишнома дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон ба ҳарду кишварҳо ва бекор шудани реҷаи раводид аз муҳимтарини онҳо маҳсуб меёбанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.