Сафари кории Президенти Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат аз ноҳияи Мурғоб боздид намуда, ба кори нерӯгоҳи хурди барқи обии «Оқсу» ҳусни оғоз мебахшад.

Корҳои лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи «Оқсу» аз ҷониби  Бонки рушди Олмон (KfW) маблағгузорӣ шуд. Тибқи лоиҳаи аввал, иқтидори нерӯгоҳи оянда бояд 800 кВт/соатро ташкил медод ва ҷудо гардидани 4 млн. евро пешбинӣ шуда буд.

Аммо баъди омӯзиши такрории лоиҳа аз ҷониби мутахассисони олмонӣ тасмим гирифта шуд, ки иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ то 1,5 ҳазор кВт/соат расонида шавад. Мутаносибан бонки Олмон 7 млн. евро маблағи иловагӣ ҷудо намуд.

Дар инфографикаи зер доир ба нерӯгоҳи ”Оқсу” ва ба сурати умум дар бораи иқтидори энергетикии ВМКБ маълумот манзуратон мегардад.


Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.