Корхона тирамоҳи соли 2019 ба кор даромада, дар як сол то 300 автобусу мошинҳои боркаш истеҳсол мекунад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома дар бораи сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркашро дар ҷуиҳурӣ якдилдона тасдиқ намуд.

Созишномаи мазкур моҳи август байни ҳукумати Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии “Авесто Групп” ва ширкати Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi-и Туркия ба имзо расида буд.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух ба вакилон хабар дод, ки барои сохтмони иқтидорҳои истеҳсол ва хизматгузории автобусҳову автомобилҳои боркаш дар Тоҷикистон 20 млн. доллар маблағ равона мегардад. Маблағгузорӣ баробар – 10 млн. долларӣ аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ ва туркӣ сурат мегирад.

Дар давраи аввал баъди ба истифода додани корхона дар он 240 нафар машғули кор хоҳанд шуд, ки мувофиқи созишнома, 80% (на камтар аз 200 нафарашон)-ро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил диҳанд.

лоиҳа аз ҷониби корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва «Сити Сервис Лтд» амалӣ мешавад.

Корхонаи аввал ба истеҳсоли нақлиёти мусофирбару боркаш ва корхонаи дуюм ба хизматгузории ворситаҳои нақлиёти истеҳсолшуда машғул хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.