Ширкати муштараки Ӯзбекистону Олмон «JV MAN Auto-Uzbekistan» ба Тоҷикистон 14 адад мошиниҳои боркаш (самосвал)-и тамғаи MAN мефиристад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ШС «Узавтосаноат».

Қайд мешавад, ки «JV MAN Auto-Uzbekistan» бо ширкати «Экспериментальный механический завод»-и Тоҷикистон оид ба таҳвили 14 адад мошини боркаши MAN TGS 41.400 8x4 BB ба маблағи наздики 1,5 млн. доллар қарордод ба имзо расонидааст.

Дар «Узавтосаноат» таъкид месозанд, ки то имрӯз ба маблағи ҳудуди 1,2 млн. доллар аллакай 11 мошин барои интиқол омода шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон КМ «JV MAN Auto-Uzbekistan» бо ширкати тоҷикистонии «Глобал Лизинг» доир ба додугирифти автомобилҳои боркаш созишнома ба имзо расонид.

Мувофиқи санади баимзорасида, ширкати Ӯзбекистону Олмон давоми соли 2018 бояд ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 5 млн. доллар мошинҳои боркаш фиристад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.