Зимни вохӯрӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва сармоягузорон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки ниҳодҳои молӣ бидуни ҳеҷ мушкилоте бонкҳои Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, агар нақшаҳои тиҷоратии ҳамаҷониба асоснокшуда пешниҳод шавад.

Зимни сафари чанде қабли ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор ба Тоҷикистон намояндагони ин ниҳоди молӣ дар бораи зарурати андешидани тадбирҳои муассир баҳри барқарор кардани эътимоди мардум ба бонкҳо изҳори назар карданд.

Намояндагони Хазина дар изҳороти худ саҳеҳан намегӯянд аз кадом тадбирҳо мушаххас сухан меравад, лекин манбаъҳои огаҳ аз вазъи “Азия-Плюс” мегӯянд, ин ҷо сари бозхонди иҷозатномаҳо аз бонкҳои дорои мушкилоти “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” сухан меравад.

Иқтисодчӣ Алӣ Ализода бар ин назар аст, ки бо назардошти осебпазирӣ ва ноустувории тамоми низомии бонкии мо, наҷоти бонкҳои дорои мушкилот кори серхароҷот ва комилан бефоида аст, зеро ҳарчанд ҳарду бонк аз ҳукумат кумаки назаррас гирифта бошанд ҳам, мушкилро бартараф карда натавонистанд.

“Аз ин рӯ, дар чунин ҳолат ба ҷуз бозхонди иҷозатномаҳои онҳо, дигар илоҷе нест. Барои ба ҳадди камтарин расонидани хатарҳо зимни барҳамдиҳӣ Бонки миллӣ бояд як қисмате аз уҳдаориҳо, “дар навбати аввал назди амонатгузоронро бояд ба дӯш гирад, то ки эътимоди аққалан қисмате аз онҳоро баргардонад”, - иброз дошт ӯ.

Коршиноси соҳаи молия Уткир Умаров мегӯяд, миёни барҳамдиҳӣ ва ҳамин тавр боқӣ мондани фаъолияти бонкҳо фарқ дар он аст, ки дар ҳолати аввал амонатгузорон ва қарздиҳандагон зарар дида, дар ҳолати дуюм буҷет, саҳеҳтараш андозсупорандагон зиён мебинанд ва дар сурати амалӣ шудани варианти аввал шаҳрвандони оддӣ метавонанд амонатҳояшонро аз даст диҳанд, лекин ба ҳар ҳол боқӣ уқзоштани чунин ҳолат ҳам имкон надорад.

 “Аз лиҳози иқтисодӣ ин бонкҳоро барҳам додан лозим аст ва ин ҷо масъала муфлисшавии доимӣ ва маҷбуранд кумакрасонӣ аз буҷет набуда, ҳарчанд барои ин маблағҳои зиёд зарур аст, асосиаш дар он аст, ки ҳузури чунин бонкҳо эътимоди мардумро ба бонкҳо кам мекунад.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, барҳамдиҳӣ роҳи ягона буда, Бонки миллиро зарур аст, ки оқибатҳои онро тариқи баргардонидани амонатҳо бо тартиби афзалиятнок коҳиш диҳад ва дар сурати зарурат бо ин мақсад аз ҷониби буҷет ҳам дастгирӣ бояд шавад.

“Ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҷониби ин бонкҳо ғайриимкон аст, зеро ҳеҷ касе ба бонкҳои идоракуниашон мушкил, саҳеҳтараш бонкҳои муфлисшуда сармоягузорӣ нахоҳад кард”, - шарҳ дод коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.