Хароҷоти буҷети давлатӣ ба маблағгузории комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика имсол қариб ба 3 млрд. 220 млн. сомонӣ (наздики 342 млн. доллар) афзуд.

Мувофиқи тағйироту илова ба буҷети давлатии соли 2018, барои маблағгузорӣ ба ин соҳа то охири сол беш аз 6,7 млрд. сомонӣ (беш аз 710 млн. доллар) маблағ равона мегардад. Нахуст ҳаҷми ин воситаҳо наздики 3,5 млрд. сомониро ташкил медод.

Дар ин робита каср (камбуд)-и буҷети давлатӣ аз 0,5% то ба 4,2% ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ – аз 334 млн. то 2,8 млрд. сомонӣ зиёд шуд.

Ба сарчашмаҳои пӯшонидани касри буҷет баъди ворид кардани тағйирот ба он банди “аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) – ҳудуди 2,5 млрд. сомонӣ” илова шудааст.

То ин замон рӯйпӯш кардани хароҷоти буҷет аз сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шуда буд:

- ворид шудани маблағ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ – 26 млн. сомонӣ;

- ворид шудани маблағ аз ҳисоби фурӯши вескелҳои хазинадорӣ – 95 млн. сомонӣ;

- иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ – 10, 1 млн. сомонӣ;

- аз ҳисоби фоизҳои амонатҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, қарзҳо (грантҳо)-и ташкилотҳои молии байнулмилалӣ – 203 млн. сомонӣ.

Ҳаҷми қисмати дармади буҷет барои соли 2018 қариб ба андозаи 750 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Ба даст овардани ин воситаҳои иловагӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳои ғайриандозӣ пешбинӣ мегардад.

Қаблан аввали моҳи октябр зимни баррасии тағйироту иловаҳо ба буҷет дар парлумон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор намуда буд, ки маблағгузории иловагӣ ба комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика аз ҳисоби фурӯши сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, ҳамчунин воситаҳои дар ихтиёри вазоратҳо қарордошта аз ҳисоби фурӯши евробондҳо дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ сурат мегирад.

Вазир он замон таъкид дошта буд, ки қисмате аз воситаҳои буҷетӣ, ки ба комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика ҷудо мешаванд, ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.