Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки ҳукумат дар ҷаласаи рӯзи 30 октябр тасдиқ намуд, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб аз 50 сомонии ҳозира то 55 сомонӣ зиёд мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни ҶТ дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор бояд ҳамчун қоида бо дарназардошти сатҳи беқурбшавӣ, ки барои соли дахлдор пешбинӣ карда мешавад, сурат гирад.

Аз 1 июли соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2015 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон – 40 сомонӣ ва аз 1 январи соли 2018 – 50 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.