Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои нави коғазии арзишашон 10, 20, 50, 200 ва 500 сомониро ба муомилот мебарорад.

Дар маълумоти дар ин робита нашршуда шуъбаи матбуоти БМТ қайд мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ, таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ ва такмил додани унсурҳои ҳимоявии он, Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ намунаи соли 2018 ба муомилот мебарорад.

Гуфта мешавад, пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ намунаи соли 2018 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2018 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 200, 500 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

Маълумотнома

30-юми октябри соли 2000-ум дар Тоҷикистон пули миллӣ – «сомонӣ» ба муомилот бароварда шуда буд.

Номи он ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст. Код дар меъёри ISO 4217 - TJS. 1 сомонӣ аз 100 дирам иборат аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — сомонӣ дар қатори Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ва аз нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ду маротиба пулӣ милль иваз шудааст. Бори якум 10-уми майи соли 1995 дар ҳудуди кишвар рубли тоҷикӣ бо арзиши , 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот баромада буд.

Ин аввалин қадами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи ислоҳоти пулӣ ва ташкили низоми ягона ва мустақили пулӣ буд.

Бори дуюм соли 2000-ум, тавре дар боло зикраш рафт, пули нави миллӣ – «сомонӣ» эҷод шуд, ки то кунун мавриди муомилот царор дорад.

«Сомонӣ» соли 1999 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар ширкати «Giesecke & Devrient GmBx»-и Олмон, дар Аврупо чоп шудааст.

26-уми октябри соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар-«сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Аз 3-юми сентябри соли 2001 ҳамчунин тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот баромааданд.

Соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон «сомонӣ»- ҳои пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.