Харитаи роҳ оид ба ҳамгиройии низоми пардохти “Мир” ва “Корти Миллӣ”-ро Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ва низоми пардохти “Мир” ба имзо расониданд. Ин шартномаи ҳамкории мутақобила байни низомҳои пардохтии мазкур санаи 12 ноябр ба имзо расид.

Зери санад директори генералии ҶК “Низоми миллии кортҳои пардохт” (оператори низоми пардохти “Мир”) Владимир Комлев ва раиси Раёсати БДА “Амонатбонк” (оператори низоми миллии пардохти “Корти Миллӣ”) Руҳулло Ҳакимзода имзо гузоштанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс”аз хадамоти матбуоти “Амонатбонк”.

“Низомҳои миллии пардохти Русия ва Тоҷикистон – “Мир” ва “Корти Миллӣ” дар бораи таъмини хизматгузории дуҷонибаи кортҳои худ дар бонкҳои зербиноӣ – иштирокчиён тавофуқ ҳосил намуданд. Ҳамкории низомҳои пардохти Русия ва Тоҷикистон ба тақвияти робитаҳои байни давлатҳо, ҳамчунин таҳкими воситаҳои миллии пардохт ва асъори миллии ҳарду кишвар мусоидат мекунанд”, - қайд карданд дар “Амонтабонк”.

Айни замон оид ба ҳамкории тадорукотӣ ва технологӣ гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он коршиносони ҳарду низоми пардохт шомиланд. Анҷоми корҳои ҳамгиро сохтани низомҳои пардохти “Мир” ва “Корти Миллӣ” то охири соли 2019 дар назар аст.

Феълан ҳамкории мутақобилаи байнинизомӣ миёни низомҳои пардохти “Мир” (Русия) ва “АрКа” (Арманистон) амалӣ шудааст.

Ғайр аз ин, то охири соли 2019 ба итмом расонидани корҳо оид ба ташкили ҳамкории мутақобила бо низомҳои пардохти “БЕЛКАРТ” (Беларус) ва UzCard (Ӯзбекистон) ба нақша гирифта шудааст.

Раиси “Амонатбонк” изҳор намуд, ки таъмини хизматгузории саривақтӣ ва хушсифат ба дорандагони кортҳои низомҳо дар қаламрави кишварҳо ва қаламрави кишварҳои шарики низоми “Мир” вобастагӣ ба низомҳои ҷаҳонии пардохтро кам карда, бисёр монеъаҳоро бартараф месозад.

Дар навбати худ Владимир Комлев зикр кард, ки имкони пардохт бо кортҳои миллӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсояи дӯст боз як қадам ба пеш натанҳо барои беҳббуди хизматрасониҳо ба шаҳрвандон, балки пешбурди ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва рушди шарикии мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Русия ва Тоҷикистон мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.