Ширкати ҳавопаймоии SCAT-и Қазоқистон аз шаҳри Остона ба пойтахти Тоҷикистон хатсайри нав боз карданист. Хатсайре, ки пойтахтҳои ду кишварро мепайвандад, аз 14 декабр роҳандозӣ мешавад, изҳор кардааст Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон.

Бино ба маълумоти хабаргузории 24.kz, ифтитоҳи хатсайр ба туфайли ҳамкории мақомоти авиатсионии давлатҳо ва ширкати ҳавопаймоии «SCAT» дар доираи фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ ва гуфтушунидҳои дуҷониба муяссар гардида, ба рушди муносибатҳои неки мутақобилаи ҳамҷаворӣ байни Қазоқистону Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.

Гуфта мешавад, парвозҳо тариқи хатсайри Остона - Душанбе - Остона ҳафтае 2 маротиба – рӯзҳои ҷумъа ва шанбе бо ҳавопаймои навъи CRJ-200 сурат мегиранд. Айни замон фурӯши билетҳо оғоз шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон аз Душанбе ба Остона метавон танҳо тавассути Алмаато сафар кард, ки ба ин шаҳр қариб ҳамарӯза парвозҳои ҳавопаймоҳои ҳам ширкатҳои Қазоқистону ҳам Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.